Ҳамкорӣ бо ташкилоти «WTIT — Интиқоли ҷаҳонии технологияҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон» рушд меёбад

Май 15, 2024 14:37

ДУШАНБЕ, 15.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар раванди рушди ҳамкории дуҷониба, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ фароҳам гардидааст, бо намояндаи расмии ташкилоти «WTIT — Интиқоли ҷаҳонии технологияҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон» ва ҳамзамон директори Маркази муштараки Тоҷикистон ва Кореяи назди донишгоҳ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи технологӣ хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкории судманди чандинсола бо шарикон ва ташкилоти кореягӣ дар самти рушди маорифи Тоҷикистон, амалӣ намудани технологияҳои муосири таълимиву методӣ ва такмили пойгоҳи моддиву техникии донишгоҳ суҳбат намуданд.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки мақсади ҳамкорӣ баланд бардоштани тавонмандии донишгоҳ оид ба рушди заминаҳои моддиву техникии мосир, такмил додани неруи кадриву омӯзгории он дар самти технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва рақобатпазир гардонидани хатмкунандагони ин соҳа мутобиқ ба талаботу меъёрҳои бозори меҳнат, инчунин тақвият бахшидани нуфузи донишгоҳ дар бозори таълимоти дохилӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Донишгоҳ ҳамчун муассисаи таълимии ба самти технологияҳо нигаронида метавонад тариқи омода намудани мутахассисони рақобатпазири ин соҳа дар бозори меҳнат ва таълимоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо такя ба таҷрибаи пешқадами донишгоҳҳои кореягӣ мавқеи муносиб пайдо намояд. Ин раванд имконият медиҳад, ки ҳамчун омили муҳим барои ноил шудан ба рушди саноати мамлакат тавассути рушди саноати технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар асоси табодули рақамӣ ва амалӣ намудани технологияҳои “Зеҳни сунъӣ” бо истифода аз таҷрибаи муваффақи Корея барои таҳкими малакаҳои баланди таълимию илмии мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ аҳамияти бузург дошта бошад.

Гуфта шуд, ки Марказ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Корея, Фонди миллии таҳқиқотии Корея (NRF) ва Ташкилоти кореягӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди дарс ва омодасозии тренерону волонтёрон тамоми шароитро фароҳам овардааст. Дар он фазои муосири фарогирии технологияҳои навини иттилоотиву коммуникатсионӣ таъмин гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Дар доираи фаъолияти Марказ ҳоло мунтазам чанд устоди Кореяи Ҷанубӣ ба донишҷӯёни донишгоҳ аз забонҳои муосири барномасозӣ, робототехника, барномасозии бесарнишинҳо ва зеҳни сунъӣ дарс мегӯянд. Бо назардошти тамоюли муайяни донишҷӯён барои аз худ намудани забони кореягӣ ва гирифтани маълумот дар Корея соли 2022 дар донишгоҳ «Маркази забономӯзии Институти шоҳ Сеҷонг» ташкил гардид. Он метавонад дар омодасозӣ ба таҳсили касбӣ, шиносоӣ бо таъриху фарҳанги Корея, васеъгардонии ҷаҳонбинӣ ва ташаккули фарҳанги техникии насли нав такони ҷиддӣ бахшад.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки бо пайдо гардидани имконияти бештар кӯшиш менамоянд, ки ҳамкории дуҷонибаро дар самти рушди технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назарраси илмӣ-таҳқиқотии муштарак ва интиқоли технологияҳои пешрафтаи соҳа ноил гарданд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Май 15, 2024 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид