Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 04.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани ҳамкории мутақобилан судманди байналмилалӣ бо роҳбари Хадамоти байналмилалии таҳсилотии Малайзия, доктор Абдул Разоқ Аҳмад, инчунин намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот дар доираи барномаву лоиҳаҳои инноватсионӣ меҳмонон бо сохтори донишгоҳ, дастовардҳои илмӣ-таълимӣ ва ҳамкории байналмилалӣ шинос гардиданд.
Дар ҷараёни муколама Абдул Разоқ Аҳмад пешниҳод намуд, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маркази муштарак таъсис дода шавад, ки ба он метавон 20-30 донишҷӯ ва омӯзгори Малайзияро ҷалб намуд. Марказ ҳамчун макони мубодилаи таҷриба байни омӯзгорони донишгоҳҳои бонуфузи Малайзия ва омӯзгорону кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соҳаҳои калидӣ, аз қабили технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ, робототехника ва зеҳни сунъӣ хизмат менамояд.
Инчунин пешниҳод карда шуд, ки лоиҳаҳои муштарак байни муассисаҳо бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи зеҳни сунъӣ гузаронида шаванд.
Абдул Разоқ Аҳмад тазаккур дод, ки донишҷӯён ва мактаббачагони тоҷик дар соҳаи математика дониши хуб доранд, ки ин омили асосии ҳамкории муваффақ дар оянда мебошад.
Иброз гардид, ки ҳамкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо маркази Хадамоти байналмилалии таълимӣ ва донишгоҳҳои Малайзия барои ҳарду муассиса ва донишҷӯён аҳамияти хосса дорад. Бо кӯшиши муштарак метавон дар рушди маориф ва илм дар ҳарду давлат саҳми назаррас гузошт.
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамзамон мулоқоти ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бобати ба роҳ мондани ҳамкории судманди байналмилалӣ доир шуд.
Зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкории самараноки тарафайн, аз ҷумла мубодилаи академии донишҷӯён ва омӯзгорон, тайёр намудани мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат, иштирок дар форуму симпозиум ва конференсияҳои илмӣ, ба роҳ мондани таҳқиқоти муштараки илмӣ, ҷалби омӯзгорон ва мутахассисони якдигар, махсусан дар самти зеҳни сунъӣ, роботсозӣ ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, истифодаи заминаҳои моддӣ-техникии якдигар дар раванди машғулияти касбӣ ва таҳияи лоиҳаҳои грантии байналмилалӣ баррасӣ гардид.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






