«ҶАВОНОН- ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе таҳти чунин унвон роҳпаймоии осоишта доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта бо бардоштани парчами ҳаҷмаш 32 метр доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар оғоз ҳайати олимону кормандон, магистрантону докторантони PhD ба хотири арҷ гузоштан ба сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шиору овезаҳои ватандӯстона ва тарафдорӣ аз сиёсати оқилона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат ба роҳпаймоии осоишта баромаданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи академия Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки «дар ҷомеаи муосир нақш ва манзалати ҷавонони фаъол, донишманду хештаншинос бағоят муҳим буда, пешрафт, ташаккул ва муаррифии имконияти зеҳнии ҷомеаро бе онҳо тассавур кардан ғайриимкон аст. Рисолати ҷавонони азиз аз он иборат аст, ки фаъолияти созандаи фарзандони баруманди миллати тоҷикро, ки имрӯз дар хизмати халқу Ватан ҳастанд, шарафмандона идома диҳанд».
Хамчунин дар ҷараёни ҳамоиш як зумра устодону кормандон ва олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






