Ба иштирокчии ҷанг ва собиқадори меҳнати 104-сола Зайнулло Алиев кумакпулии яквақта расонида шуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба иштирокчии ҷанги зидди фашизм дар солҳои 1941-1945 ва собиқадори меҳнати 104-солаи шаҳри Бохтар Зайнулло Алиев аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 40 000 сомонӣ ва Раиси вилояти Хатлон 5000 сомонӣ маблағ расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Инчунин аз ҷониби Раиси шаҳри Бохтар ва дигар сохторҳо кумаки пулӣ тақдим гардид.
Зайнулло Алиев 12 ноябри соли 1920 дар ноҳияи Кангурт (ҳоло Темурмалик) таваллуд шудааст. Ҳаёт ва фаъолияти бобои Зайнулло барои насли наврас ва ҷавон мактаби бузурги омӯзиши шуҷоату мардонагӣ, омили муҳими тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ба шумор меравад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






