Ба пойгоҳи обкашии «Янтоқ -1»-и ноҳияи Мастчоҳ ду агрегати нав дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи обрасонӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои пойгоҳи обкашии «Янтоқ -1» ду агрегати замонавӣ харидорӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин тадбир дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва дастгириҳои Раиси вилояти Суғд амалӣ гардид.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ бо пойгоҳи обкашӣ шинос шуда, ба масъулин барои сари вақт таъмин намудани кишоварзон бо оби полезӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Пойгоҳи обкашии «Янтоқ-1» аз соли 1960 инҷониб фаъолият дошта, дорои 11 дастгоҳи пуриқтидори обкашӣ мебошад. Аммо бо сабаби фарсуда шудани дастгоҳҳои обкашӣ, корношоям гардидани қубурҳои зеризаминии обрасони пойгоҳ ва дигар иншооти гидротехникӣ қисме аз агрегатҳои пойгоҳ аз кор мондаанд.
Ёдовар бояд шуд, ки ҳамасола барои таъмиру омодасозии дастгоҳҳои обкашии пойгоҳ ба мавсими киштукор маблағҳои зарурӣ ҷудо мегарданд.
Тавассути пойгоҳи обкашии «Янтоқ -1» беш аз 10 ҳазор гектар заминҳои Ҷамоати шаҳраки Бӯстон ва деҳоти Навбаҳор обёрӣ карда мешаванд. Ин пойгоҳ аз иншооти асосии обрасонии ноҳия – канали «Тоҷикистон» обро ба баландии 26 метр бароварда, тавассути каналҳои обрасонӣ ба заминҳои кишоварзӣ ҷорӣ менамояд.
Бо ба кор андохтани дастгоҳҳои обкашии нав таъминоти оби полезӣ беҳтар гардида, заминҳои кишоварзие, ки аз сабаби норасоии об танқисӣ мекашиданд, шодоб мегарданд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 17 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, тавассути онҳо зиёда аз 20 000 гектар замин обёрӣ мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ










Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






