БА ТАЪСИСИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН 27 СОЛ ПУР ШУД. Назарпурсӣ оид ба фаъолияти ҷавонон дар ҷавоб ба дастгириҳои Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат

Май 23, 2024 13:28

ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 23 майи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад. Имрӯз   ҷавонони Тоҷикистон мавриди дастгирии пайвастаи Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифтаанд.

 Дар ҷавоб ба дастгириҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷавонони Тоҷикистон бояд чӣ гуна фаъолият намоянд? Бо ин савол хабарнигори АМИТ «Ховар» ба ҷавонони муваффақ, ки новобаста ба синну сол дар вазифаҳои пурмасъул ба ҳайси роҳбар фаъолият доранд, муроҷиат намуд. Таваҷҷуҳ намоед ба посухҳо.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода:

— Дар ин марҳилаи муҳимми давлатсозӣ, ки дар меҳвари он бунёди давлати мутамаддин қарор дорад, албатта, мафкура ва маънивиёти ҷомеа нақши асосиро иҷро менамояд. Расидан ба ҳадафҳои конститутсионӣ, махсусан бунёди давлатӣ ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мафкураи насли наврас ва ҷавони мамлакат  вобастагии зиёд дорад. Бунёди садҳо муассисаҳои таълимӣ, махсусан зиёда аз 25 донишгоҳу донишкада ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангӣ аз ҷумлаи табирҳои муассир барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа мебошанд.

Имрӯз ҷавонон бояд дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ ва давлатдорӣ ба камол расанд. Ҷавононро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши илмҳои замона бештар рӯ оранд. Баргузор намудани даҳҳо озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷумлаи ташаббусҳои Сарвари давлат дар роҳи ҷалби насли наврас ва ҷавони мамлакат аст. Бо баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ имрӯз ба назар мерасад, ки тамоми қишри ҷомеа рӯ ба китоб овардааст. Воқеан, давоми таърих миллати тоҷик китобдору китобхон буда, тавассути афкори ҷамъиятӣ ва фарзандони фарзонааш дар тамаддуни башарӣ нақши бориз гузоштааст. Имрӯз ҷавонони моро зарур аст, ки бо пайравӣ аз бузургони илму адаби тоҷик, ба монанди Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Ҷобир ибни Ҳайён, Муҳаммади Ғаззолӣ, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва Донишу Айнӣ, ки ҳамагӣ дар синни ҷавонӣ бо афкору дониши хеш маъруфу машҳур гардиданд,  пайи аз худ намудани илмҳои замонавӣ бошанд.

Муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Малоҳат Рустамзода:

— Ғамхории насли ҷавон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки барои дониш андӯхтану соҳибкасб гардидани қишри ояндадори ҷомеа тамоми  имконияти мусоид фароҳам оварда шуда, баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи ҷавонон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.  Зеро дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имконияти зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Инро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакат барои ҷавонони фаъолу пешқадам тамоми шароиту имкониятро фароҳам овардааст. Яке аз роҳҳои ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон- ин таъсиси Стипендияи президентӣ барои хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён аст, ки ҳадафи асосии таъсиси он азхудкунии илмҳои дақиқу техникӣ мебошад.  Зарурати омӯзиши ин фанҳо дар он аст, ки барои ташаккули тафаккури техникиву ихтироъкорӣ ҳамчун таҳкурсӣ хизмат мекунад. Аз сӯйи дигар, дар шароити рушди баландсуръати илм ба аксари корхонаҳо кормандоне заруранд, ки бо технологияҳои навтарин дар ҳамаи сатҳҳои истеҳсолот кор карда тавонанд.

Имрӯз мушоҳида мегардад, ки бо роҳнамоии Сарвари давлат  ҷавонон дар истифодаи технологияи замонавӣ соҳиби илму дониш ва маҳорати баланд гардидаанд. Ҳоло онҳо дар пешбурди сиёсати давлат нақши созгор гузошта, ба вазифаҳои масъул пешниҳод гардида, дар паҳлуи Пешвои миллат барои пешрафти мамлакат саъю талош менамоянд.  Дар Агентии «Тоҷикстандарт» низ ҷавонони фаъол дар  пешрафти давлат саҳм гузошта, барои солимии ҷомеа, хусусан  ташхиси сифати молу маҳсулот кор мебаранд.

Наврасону ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талошашонро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона намоянд.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Рамазон Одиназода:

— Давоми солҳои фаъолияти марказ беш аз ҳазор ҷавони мамлакат, ки муассисаҳои олии касбии давлатҳои хориҷиро хатм намудаанд, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд. Баъзе нафарон аллакай роҳбари муассисаҳои олии мамлакат таъйин шуда, баъзеашон дар вазорату идораҳои мамлакат ба ҳайси муовини вазир, сардорони раёсат ва дигар вазифаҳои масъулиятнок фаъолият менамоянд.

Давоми ду сол аст, ки беш аз 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ихтисосҳои гуногун меомӯзанд. Беш аз 10  шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Амрико таҳсил доранд, аллакай соҳиби дастовард ва нишондиҳандаҳои илмӣ ва таҳсилӣ гардидаанд, ки ин мояи ифтихори давлату миллати тоҷик мебошад.

«Аз ҷумла, тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дурахшандагон» докторант Назрулло Раҳимов дар айни замон дар зинаи докторантура дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳсил дорад. Мавсуф давоми таҳсил тавонист, ки навгониҳои илмиро дар таҷриба омӯзад ва соҳиби сертификати байналмилалӣ гардад.

Билол Дустов дар зинаи бакалавриати аудити молиявӣ дар шаҳри Ню – Йорки Амрико таҳсил мекунад. Ӯ тибқи мониторинг ба даҳгонаи беҳтарин донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло мехонанд, дохил гардидааст. Дар баробари ин дар Англия, Италия ва Олмон низ як зумра донишҷӯёни мо аз рӯи мониторинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ин давлатҳо ба даҳгона ва ё рейтинги рақами яки беҳтарин донишҷӯёни хориҷӣ дохил шудаанд, ки мояи ифтихори миллати тоҷик мебошад.

Чунин донишҷӯён на танҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, балки дар Британияи Кабир, Сингапур, Олмон ва дигар давлатҳо низ фаъолона таҳсил дошта, номбардори миллати сарбаланди тоҷик  гардидаанд. Хароҷоти таҳсили ин донишҷӯён пурра аз ҷониби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад. Аз ҷумла, маблағи таҳсил, маблағи хобгоҳ, стипендияи ҳармоҳа ба маблағи 500 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, суғуртаи тиббӣ, маблағи раводид, тамдиди раводид ва маблағи роҳкиро барои рафтану баргаштан давоми 4 сол пардохт карда мешавад.

Пас, насли ҷавонро мебояд танҳо дониш омӯзад, таҷриба пайдо намояд, Ватанро дӯст дорад, ҷонсупори ин Ватан ва ин миллати озода  бошад.

Муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода:

— Масъалаи таҳкими саҳми ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, тарбияи кадрҳои болаёқату соҳибистеъдод аз ҳисоби ҷавонон аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун яке масъалаҳои калидии давлатсозӣ буда, пайваста дар меҳвари сиёсати  созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Агар ба таърихи ташаккули ниҳоди хизмати давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи таркибии идоракунии давлатӣ назар андозем, маҷмуи ҳидоятҳоро мебинем, ки ҳамагӣ барои фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҷалб ва иштироки ҷавонон дар хизмати давлатӣ нигаронида шудаанд.

Аз натиҷаи иҷрои ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешида теъдоди хизматчиёни давлатии то 35-сола ва ҷавонони роҳбарикунанда рӯ ба афзоиш буда, имрӯз дар низоми хизмати давлатӣ 8827 (48,5%) нафар ҷавонон дар мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ ва 1597 (27,1%) нафар дар мансабҳои роҳбарикунанда  фаъолият менамоянд.

Рисолати имрӯзаи ҷавонон аз он иборат аст, ки дар нигаҳдошти арзишҳои миллӣ, ҳифзи муқаддасоти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ содиқ бошанд.

Ҷавонон ҳамчунин бояд дар корҳои ободониву созандагӣ ва рушди ҷомеаву давлат бо маърифати баланди ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар пайравӣ аз мактаби далериву ҷасорат, ватандӯстиву меҳанпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва аз ҳама муҳим, муҳаббати беканори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун кадрҳои баландихтисосу соҳибмаълумот, дорои ҷаҳонбиниву дониши амиқи касбиву сиёсӣ, қобилияти ташкилотчигиву кордонӣ, малакаи идоракунӣ, инчунин шахсони масъулиятшиносу ватандӯст, забондон ва аз технологияи муосир бархурдор саҳмгузор бошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 23, 2024 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «То имрӯз беш аз 255 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷи фарзӣ ва зиёда аз 400 ҳазор умраро ба ҷо овардаанд»
Гурӯҳи кории шаҳри Душанбе бо сокинони ноҳияи Варзоб вохӯрии судманд баргузор намуд
Дар Душанбе ҷаласаи 3-юми аъзои Гурӯҳи кории бисёрҷониба барои баррасии Харитаи роҳ доир гардид
САЛОМ, ТОБИСТОН! Лагери истироҳативу омӯзишии «Рангинкамон» ба фаъолият оғоз намуд
Пешвои миллат: «Қурбонӣ кардан танҳо ба шахсоне воҷиб аст, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд»
«ШОЯД ДАР ҚАТРАИ ХУНИ ШУМО НАҶОТИ КАСЕ БОШАД». Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун аксияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Душанбе вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ баррасӣ гардид
Сел ба баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд хисорот расонидааст
Дар Женева Конфронси ҷаҳонӣ оид ба бакорҷалбкунии байналмилалӣ доир гардид
ЗАНОН-НЕРУИ СОЗАНДА, ТАРБИЯТГАР ВА ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш баргузор шуд
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд хатари ба амал омадани сел боқӣ мемонад
Дар Душанбе тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи миллии сиёсати хориҷии Амрико баррасӣ гардид

Маводҳои таҳлилӣ