Сарвари давлат: «То имрӯз беш аз 255 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷи фарзӣ ва зиёда аз 400 ҳазор умраро ба ҷо овардаанд»

Июнь 15, 2024 17:41

ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки то имрӯз беш аз 255 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон маросими ҳаҷи фарзӣ ва зиёда аз 400 ҳазор нафар сафари умраро ба ҷо овардаанд.

Ба таъкиди Пешвои миллат, имрӯзҳо боз ҳазорон нафари дигар ба зиёрати хонаи Худо раҳсипор шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар 70 соли даврони гузашта ҳамагӣ 29 шаҳрванди мо маросими ҳаҷро ба ҷо оварда буданд.

Вобаста ба ин Сарвари давлат таъкид намуданд, ки равиши мантиқии бунёди давлати миллии мо талаб мекунад, ки ҳам арзишҳои маънавӣ, ҳам расму ойинҳо ва ҳам суннату анъанаҳои фарҳанги аҷдодӣ бояд барои таҳкими соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва амнияти давлату ҷомеа мусоидат намоянд, яъне дар хизмати сулҳу субот ва саодату осоиши мардуми кишварамон қарор дошта бошанд.

«Зеро агар дар кишвар сулҳу осоиш барқарору пойдор набошад, мову шумо наметавонем, ки расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои милливу эътиқодиамонро амалӣ созем ва фаризаҳои динии худро ба ҷо оварем, — тазаккур доданд Президенти мамлакат. — Аз ин рӯ, ҳар яки мо масъулу вазифадорем, ки дар амалӣ намудани арзишҳои милливу динӣ манфиатҳои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷиконро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем».

Пешвои миллат иброз намуданд, ки ҳамоҳангии дурусту оқилонаи арзишҳои милливу эътиқодӣ бо манфиатҳои мардуми кишвар ва Ватани азизамон кафолати устуворӣ ва бардавомии давлатдории миллии мо мебошад.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 15, 2024 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст