Байни «Саноатсодиротбонк» ва Фонди рушди соҳибкории Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 20.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Боку аз рӯи натиҷаҳои Форуми соҳибкории Тоҷикистону Озарбойҷон байни Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ва Фонди рушди соҳибкории Ҷумҳурии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.
Ёддошти тафоҳум аз ҷониби Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода ва Раиси Раёсати Фонди рушди соҳибкории Ҷумҳурии Озарбойҷон Осман Халиев ба имзо расонида шуд.
Санади мазкур барои мубодилаи маълумот оид ба барномаҳои дастгирии соҳибкорон, табодули таҷриба ва дониш миёни кормандон, ташкили муштараки конфронсҳо ва семинарҳо, мубодилаи таҷриба дар самти истифодаи иқтидори бозорҳои молиявии миллию байналмилалӣ ва кӯмаки мутақобила дар самти рақамикунонӣ равона шудааст.
Пас аз барқарор намудани ҳамкории муросилотӣ бо Азер-Турк Банк, баимзорасонии Ёддошти тафоҳум бо институти молиявии давлатии Озарбойҷон – Фонди рушди соҳибкории Ҷумҳурии Озарбойҷон имконияти «Саноатсодиротбонк»-ро ҷиҳати пешниҳод намудани хизматрасонии босифат барои мизоҷон боз ҳам васеъ менамояд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»









Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5276 то 9.5600 сомонӣ муқаррар шудааст
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
«Амонатбонк» ба кишоварзон иқдоми қарзии «Дастгирии деҳқон» пешниҳод намудааст






