БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ. Дар Тоҷикистон ба ин фанҳо диққати бештар дода мешавад
ДУШАНБЕ, 09.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ба фанҳои дақиқ (физика, химия, биология ва математика) диққати махсус дода мешавад. Масъалаҳои беҳтар намудани омӯзиши ин фанҳо зимни вохӯрии муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода бо директори дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳри Алмато Амир Пирич мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамзамон масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло бурдани сифати таҳсил, таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо технологияи нав мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо лоиҳаи «Таҳкими муносибати босалоҳият дар фанҳои технологияи иттилоотӣ — коммуникатсионӣ ва инчунин дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (STEM), дастгирии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияро муҳокима намуданд.
Таъкид шуд, ки мақсади лоиҳа беҳтар намудани сифати таълим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фанҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва мусоидат намудан ба омӯзгорон барои истифодаи васеи барномаҳои таълимии ба салоҳият асосёфта, маводи таълимӣ ва омӯзишӣ оид ба фанҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва таҷҳизоти озмоишгоҳӣ дар сатҳи таҳсилоти миёна ва касбӣ-техникӣ равона шудааст.
Директори дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳри Алмато аз ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ин лоиҳа барои дастгирӣ намудани ислоҳот барои ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият дар Тоҷикистон бо диққати махсус ба фанҳои дақиқ (физика, химия, биология ва математика) барои такмил додани таълим ва низоми омӯзиши омӯзгорон равона шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ин вохӯрӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои талаботи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) доир шуд.
Моҳи марти соли 2020 Сарвари давлат зимни мулоқот бо олимони мамлакат иброз доштанд, ки «имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Аз ин рӯ, мо рушди илмҳои муосир, махсусан дақиқро дар мадди аввал гузоштем, зеро дар назди мо боз як вазифаи бузург, яъне ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии босуръати мамлакат қарор дорад».
Дар ин раванд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир намуданд, зеро пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд оварда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки барои омӯзиши он талоши бештар намоянд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки масъулин «назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».
Ҳамзамон ба хотири рушди тафаккури техникӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи мамлакат ва бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад, ки он ба рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи мамлакат бахшида шудааст.
Соли 2023 дар даври аввали озмун зиёда аз 167 ҳазор хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва аз қишрҳои гуногуни ҷомеа аз рӯи 7 номинатсия иштирок намуда, ба даврҳои дуюм ва сеюм роҳ ёфтанд. Шумораи иштирочиёни даври аввали озмун нисбат ба соли гузашта тақрибан ду маротиба зиёд буд. Ба даври ниҳоӣ 579 нафар роҳ ёфт, ки дар ин давр ғолибон қариб ду маротиба зиёдтар буданд.
Баргузории озмун маълум намуд, ки сатҳи дониши хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа нисбат ба солҳои пешин хеле боло рафтааст ва холҳои гирифтаи онҳо шаҳодати ин аст. Аз тарафи дигар, махсусан ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳ хеле зиёд шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз