«ДӮСТИ ПАЙВАНДИ ҶОНРО ГУМ МАКУН». Як гурӯҳ ҷавонони фаъоли Тоҷикистон тавассути «Қатораи ҷавонӣ» аз Душанбе ба шаҳри Турсунзода рафтанд

Май 8, 2024 17:10

ДУШАНБЕ, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Дӯсти пайванди ҷонро гум макун» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавонони гуногункасб тавассути «Қатораи ҷавонӣ» аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Турсунзода сафар намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар доираи меҳмонии ҷавонон дар ин шаҳр барномаҳои гуногун, аз ҷумла ҳамоишу фестивал, семинару барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ» доир мешаванд. Ҳамзамон баргузории бозиҳои гуногуни варзишӣ низ дар назар буда, иштирокчиён бо мавзеъҳои таърихии ин шаҳр ва корхонаҳои саноатии он шинос мешаванд.

Ҳадафи асосии меҳмонӣ- васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таҳкими сулҳу суботи мамлакат мебошад.

Меҳмононро бо урфу одати тоҷикона, таҳти садои карнаю сурнай роҳбарияти шаҳри Турсунзода ва гурӯҳи калони ҷавонони шаҳр дар ҳудуди даромадгоҳи шаҳр истиқбол гирифтанд.

Баъдан меҳмононро роҳбарияти шаҳр ба ҳузур пазируфта, зимни суҳбат аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони ҷумҳурӣ ёдовар шуданд.


Дар идомаи меҳмонӣ иштирокдороне, ки бори аввал ба ин минтақа омада буданд, барои чунин иқдом ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳо имкон фароҳам меоранд, ки бо мавзеъҳои гуногуни мамлакат шинос шуда, дар ин баробар бо ҷавонони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шиносоӣ пайдо намоянд.

Ҷавонони фаъол- иштирокчиёни сафар оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории тоҷикон, саҳми Президенти мамлакат дар сулҳу субот ва оромии ҷомеа, ифтихор аз арзишҳои миллати куҳанбунёд ва тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ сухан гуфта, садоқати бепоёнашонро ба Пешвои миллат изҳор доштанд.

Иброз гардид, ки «мо талош менамоем дар татбиқи ғояҳои низоми давлатдорӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат мушаххас гардидаанд, саҳм гузошта, иштироки сазовори ҷавононро дар равандҳои бунёдкоронаи ҷомеаи мамлакат таъмин намоем».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 8, 2024 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид