Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат дар музофоти Гуандун дар ҷануби Чин 36 нафар ба ҳалокат расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус «Синхуа» хабар додааст.
Қаблан дар бораи 24 ҳалокшуда ва 30 захмӣ хабар расида буд.
Ин ҳодиса шоми чоршанбе дар шаҳри Мэйчжоу рух дод, ки зимни он 18 мошин аз роҳ ба чоҳи азим афтоданд. Дар наворҳое, ки расонаҳои Чин нашр намудаанд, дида мешавад, ки баъзе мошинҳо ҳангоми афтидан оташ гирифтаанд. Дарозии қитъаи фурӯравии роҳ тақрибан 18 метр ва майдони он тақрибан 184 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Мақомоти маҳаллӣ изҳор намуданд, ки сабаби фурӯ рафтани шоҳроҳ эҳтимол боронҳои шадиде бошанд, ки аз ҳафтаи гузашта вилояти Гуандунро фаро гирифтаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






