Дар Донишгоҳи давлати Бохтар ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Бохтар хабар доданд.
Дар ҳамоиш доир ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дастовардҳои ҷавонон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, дастовардҳои ҷавонону варзишгарони донишгоҳ, шароити мусоид барои илмомӯзии ҷавонон ва дастигириҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба наврасону ҷавонон маърузаҳо шунида шуданд.
Дар баромади озод гирандагони стипендияи президентӣ доир ба дасгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон изҳори андеша намуданд.
Зимни чорабинӣ омӯзгорони донишгоҳ бо мақсади саҳми муносиб гузоштан дар раванди корҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав








НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид






