Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмунҳои «Ихтироъкорони ҷавон» ва «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯён» баргузор шуданд

Май 30, 2024 13:56

 ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/.  29 май дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмунҳои  донишгоҳии «Ихтироъкорони ҷавон» ва «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯён»  доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки чун анъана ҳар сол дар донишгоҳ ду маротиба ин озмунҳо баргузор карда шуда, ғолибони он муайян ва бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ректори донишгоҳ Зоир Раҳмонзода аз дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳ ёдовар шуда, иброз дошт, ки озмунҳо дар доираи «Бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар соҳаи илм ва маориф», инчунин ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон гузаронида шуданд.

Бо ёдоварӣ аз саҳми ҷавонон дар рушди илму техника ва ихтирооту навоварӣ гуфта шуд, ки олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону магистрантони донишгоҳ бо ихтирооту навовариҳои илмияшон дар рушди илми ватанӣ ва ривоҷу равнақи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат саҳми арзишманд мегузоранд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Май 30, 2024 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид