Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 1050 –солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» конференсия доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки конференсия ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар заминаи эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) гузаронида шуд.
Таъкид гардид, ки масъалаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, омӯзиши технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ зери назари махсуси Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Зеро пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд оварда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки барои омӯзиши он талоши бештар намоянд.
Дар идомаи кори конференсия як зумра олимону коршиносон дар мавзуъҳои «Низомҳои таълим, бартарӣ ва норасоиҳо» ва «Абурайҳони Берунӣ-алломаи Машриқзамин», ҳамчунин оид ба нақш ва мақоми илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва мавқеи олимони тоҷик дар ин замина маъруза намуданд.
Иброз шуд, ки воқеан, пешрафти ҷаҳони имрӯзаро бе инкишофи илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳар давлате, ки имрӯзҳо ба пешрафт ноил мегардад, албатта, дар он давлат рушди илм, аз ҷумла илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ҳақиқат ҳам омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ дар шароити феълӣ талаботи замони муосир буда, масъулини соҳаро водор менамояд, ки фарҳанги техникии мардумро боло баранд.
Маърузакунандагон иброз доштанд, ки дар таърихи башарият нақшу мақоми олимону муҳаққиқони тоҷик дар риштаи илмҳои табиатшиносӣ ва физикиву астрономӣ хеле зиёд аст.
Ёдовар мешавем, ки Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунӣ олими бузурги энсиклопедист, астроном, риёзидон, файласуф, ҷуғрофиётдон, мардумшинос, антрополог, геолог, муаррих, ботаник, башардӯст ва ниҳоят фармаколог буда, тибқи қарори ЮНЕСКО 1050-солагиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Туркия ба таври васеъ таҷлил мегардад.
Абурайҳони Берунӣ олим ва мутафаккире аст, ки бо ақидаву назария ва осори оламшумулаш тавонист дар пешрафту тараққиёти ҳама гуна илмҳо саҳми арзишманд гузорад.
Фаъолият ва мероси илмии Абурайҳони Берунӣ барои қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон сабақи зиндагӣ ва машъали фурӯзони рӯзгор мебошад.
АКС: Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






