Дар Душанбе ҷаласаи нахустини Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Фаластин баргузор шуд

Май 7, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 07.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ассотсиатсияҳои тиҷоратии Фаластин ҷаласаи нахустини Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Фаластин баргузор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.

Дар кори Шуро беш аз 50 намояндаи бахши хусусии ду давлат иштирок доштанд.

Дар нишасти Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Фаластин ба иштирокчиён фазо ва имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок муаррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чунин чорабиниҳо, ки ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд, ба ҳукми анъана даромадааст.

Пас аз анҷоми қисмати расмии Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Фаластин вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар шакли «соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) баргузор гардид.

АКС: Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 7, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид