Дар Душанбе масъалаи сармоягузорӣ ба соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардид

Май 14, 2024 19:04

ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба тандурустӣ: ифтитоҳи нақшаи чорабиниҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» ҳамоиш доир гардид. Дар он муҳимияти самтҳои афзалиятноки нақшаи амали солҳои 2024-2026-и Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки чор самти аз ҳама муҳиму аввалиндараҷаи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030- ин беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва эътинои хизматрасонии кумаки аввалини тиббию санитарӣ, маблағгузории устувор, низомҳои иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва тандурустии рақамӣ ва таъмини рушди устувори захираҳои кадрӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар самти аввал ба масъалаҳои такмилу навсозии заминаи моддию техникии муассисаҳои шабакаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, дастрасӣ ба дору ва ҳавасмандгардонии мутахассисон аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2024 19:04

Хабарҳои дигари ин бахш

15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид