Дар Хатлон барои беҳтар намудани содироти маҳсулот вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Қазоқистон нақша дорад, ки аз вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон пиёз ва маҳсулоти сабзавотию меваҷотро бештар содирот намояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни вохӯрӣ бо Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Арман Шаккалиев иброз дошт, ки вилояти Хатлон бо маҳсулоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҳо, харбузаву пиёз машҳур аст. Соли 2023 дар вилоят 410 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ истеҳсол гардид, ки қисми зиёди он ба бозорҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Қазоқистон бароварда шуд.
Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон табодули андеша намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






