Дар Конибодом вазъи таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ беҳтар гардидааст
ДУШАНБЕ, 05.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд давоми чанд соли охир бори аввал вазъи таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо об беҳтар гардида, барои шодобсозии беш аз 4000 гектар замини минтақа имкон фароҳам оварда шуд. Дар робита ба ин роҳбарияти вилоят дар деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом бо вазъи таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Об аз пойгоҳи обкашии «Маҳрам-1» ва канали калони Фарғона ба киштзор омада, деҳқонон бо дилгармӣ дар замин кор мекунанд.
Раиси вилоят барои тақсимоти дурусти об ва истифодаи самараноки он ба масъулин супоришҳо дода, илова намуд, ки бояд замин пурсамар истифода гардад.
Сипас, Раиси вилоят ба манзили оилаи Кимсановҳо омада, бо аъзои оила суҳбати самимӣ анҷом дод. Аъзои ин оила ба кирмакпарварӣ машғул буда, тасмим гирифтаанд, ки 100 килограм пилла истеҳсол намоянд. Барои саҳми назарраси ин оила дар истеҳсоли пилла ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






