Дар ноҳияи Ҷайҳун 4967 гектар пунбадона бо усули муосир кишт карда шуд

Май 17, 2024 14:26

ДУШАНБЕ, 17.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин»-и ноҳияи Ҷайҳун дар 4967 гектар кишти пунбадона бо усули муосири обёрии қатрагӣ ва зерипленкавӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

16 май Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо нашъунамои зироати пахта дар ин ҷамъият, воқеъ дар деҳаи Сари пули Ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳун шинос гардид.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин» фаъолияташро соли 2013  оғоз намуда, дар айни замон дар  вилоят ба азимтарин субъекти истеҳсолӣ дар соҳаи парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, шолӣ ва гандум мубаддал гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар солҳои фаъолият ва дар натиҷаи амалӣ гардонидани маҷмуи корҳо марбут ба бунёди иншооти гидротехникӣ, ҳамворкунии мелиоративӣ ва коркарди асосии заминҳо, сохтмони инфрасохтори роҳ ва барқтаъминкунӣ, инчунин иҷрои корҳои пайвастаи агротехникӣ ба ҷамъият муяссар гардид, ки 5706,91 гектар заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Ҷайҳунро обёрӣ намуда, дар онҳо кишти асосӣ ва такрории зироати гуногунро гузаронад.

Ба гуфти масъулини ҷамъият, қубурҳои пластикӣ барои ҷорӣ намудани усули қатрагии обёрӣ низ дар корхонаи ин ҷамъият аз ҳисоби ворид намудани ашёи баландсифати хориҷӣ ва ҳамзамон коркарди дубораи қубурҳои дар мавсими кишоварзӣ истифодашуда истеҳсол карда мешаванд.

Аз тарафи ҷамъият соли 2023 корҳои беҳдошти замин дар масоҳати 1000 гектар замини бекорхобидаи ноҳияи Ҷайҳун оғоз гардида, ҳоло ин корҳо бомаром идома доранд. Аз ин ҳисоб дар масоҳати 400 гектар  аллакай корҳои ҳамворкунии талу теппаҳо ва дар онҳо насб намудани қубурҳои обгузар ба анҷом расонида шудаанд.

Дар назар аст, ки дар мавсими кишти баҳории соли 2025 заминҳои нав дар масоҳати 1000 гектар бо усули қатрагӣ обёрӣ гардида, ба гардиши кишоварзӣ дароварда шаванд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Май 17, 2024 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад