Дар ноҳияи Ашт 20 000 гектар боғи зардолу мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 10.05.2024 /АМИТ «Ховар/. Хоҷагии деҳқонии «Кӯҳсор»-и ноҳияи Ашт дорои 13 гектар боғи зардолу мебошад, ки бо мусоид омадани боду ҳавои имсола дарахтон нашъунамои хуб доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Боғпарварон тасмим гирифтаанд, ки баъди пухта расидан ҳосилро ҷамъоварӣ карда, онро ба хориҷи мамлакат содир намоянд.
Дар хоҷагӣ 3 гектар зардолуи пешпазак мавҷуд аст, ки ҳамасола ҳосили он — зардолуи тар ба Федератсияи Русия ва Қазоқистон содирот мегардад.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Ашт дорои 20 ҳазор гектар боғоти зардолу буда, боғпарварон аз ин ҳисоб даромади хуб мегиранд.
Боғдорон зимни суҳбат изҳор доштанд, ки ҳосилро дар чанд марҳила ҷамъ ва хушк менамоянд ва дар вақти мавсим занҳои хонанишин ба кор ҷалб карда мешаванд.
Дар ноҳия барои бо тарҳи ҷаззоб банду баст кардани зардолу, бунёди коргоҳи коркарди зардолу ва истеҳсоли афшураҳо, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти тайёр корҳо идома доранд.
АКС аз бойгонӣ








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






