Дар Саразм бостоншиносони тоҷик ва фаронсавӣ интизори кашфиёти нав ҳастанд

Май 11, 2024 10:20

ДУШАНБЕ, 11.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 апрели соли 2024 дар ёдгории Саразм-2 –и шаҳри Панҷакент экспедитсияи байналмилалии бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Миссияи бостоншиносии Фаронса дар Осиёи Марказӣ (MAFAC) идома дорад.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 дар маросими таҷлили 5500- солагии бостоншаҳри Саразм таъкид намуда буданд, ки «ҳоло саҳифаҳои зиёди таърихи Саразм таҳқиқ нашудаанд ва мо умед дорем, ки донишмандони ватаниву хориҷӣ минбаъд низ саҳифаҳои норавшани таърихи ин маркази тамаддунро таҳқиқ намуда, дастраси ҷомеаи ҷаҳон менамоянд».

Ин умедвориро имрӯз олимоне, ки  дар қабрисони бостоншаҳри Саразм ҳафриёт мебаранд, амалӣ менамоянд.

Гуфта шуд, ки фарзияи бостоншиносонро дар мавриди дар ҳудуди маҳали навбунёди аҳолинишини Саразм -2 воқеъ будани қабристони бостоншаҳри Саразм бозёфтҳои пайдокардаи муҳаққиқон собит месозад.

Бостоншиносон бар он назар ҳастанд, ки ҳафриёти минбаъда ва таҳқиқи бозёфтҳои мавҷуда кашфиёти тозаеро дар таърихи Саразми бостон дар пай дорад.

Ҳамчунон таъкид шуд, ки дар ҳудуди пешбинишавандаи таҳқиқи ин ёдгорӣ, ки таҷрибан 2,5 гектарро ташкил медиҳад, сохтмони ҳама гуна иншоот боздошта, онҷо ҳафриёт идома дода мешавад.

Бояд гуфт, ки солҳои гузашта таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ин ҷо комплексҳои гӯристони маданияти Афанасеворо кашф намуд, ки  он ба охири ҳазораи IV пеш аз милод рост меояд. Ин нишони он аст, ки дар водии Зарафшон дар охири энеолит ва аввали давраи биринҷӣ байни аҳолии зироаткори маҳаллӣ ва чорводорони қадим алоқаи зич вуҷуд доштааст.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Май 11, 2024 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАФТРАНГ БА ХОТИРАИ УСТОД». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳ оғоз гардид
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАР. Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар таҳрири нав таҳия шудааст
2 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 филмҳои миллӣ дар платформаи нави синамоии «tojikfilm.tv» намоиш дода мешаванд
Китоби «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ба нашр расид
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
28 январ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Моҳи феврал лоиҳаи қонун «Дар бораи бостоншиносӣ» ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мегардад
ТЕЛЕВИЗИОНИ РАҚАМӢ. Соли равон корҳои насби таҷҳизот ва такмили қисми техникӣ оғоз мегарданд
МАРКАЗИ ФАРҲАНГИ МУСИҚИИ ТОҶИК. Рисолати ин марказ аз чӣ иборат аст?