Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ баргузор шуд

Май 31, 2024 15:33

ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кино ба ҳайси санъати нодир дар ташаккули худшиносии миллӣ ва таҳкими ҳамкорию равобити судманд байни халқу миллатҳо нақши арзанда дорад. Ин матлабро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ Дилрабо Мансурӣ 30 май зимни баргузории Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ  дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баён намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.

Дар Шуро иштирокдорон доир ба фаъолияти Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар солҳои 2022-2023, пешниҳоди Шурои бадеии Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм» оид ба баргузории Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон», ҷараёни таҳияи филми муштараки Тоҷикистон ва Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» ва ҷараёни иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси коргоҳи ҳунарпешагӣ дар Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографияи (ВГИК) ба номи С.А.Герасимови Федератсияи Русия мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта шуд, ки Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон масъули даъвати Комиссияи пешниҳоди асарҳои синамоии Тоҷикистон ба пурнуфузтарин Ҷоизаи байналмилалии Оскар (ИМА) ва APSA- Ҷоизаи осиёии синамо дар Австралия мебошад.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Май 31, 2024 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд