Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кино ба ҳайси санъати нодир дар ташаккули худшиносии миллӣ ва таҳкими ҳамкорию равобити судманд байни халқу миллатҳо нақши арзанда дорад. Ин матлабро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ Дилрабо Мансурӣ 30 май зимни баргузории Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баён намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.
Дар Шуро иштирокдорон доир ба фаъолияти Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар солҳои 2022-2023, пешниҳоди Шурои бадеии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оид ба баргузории Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон», ҷараёни таҳияи филми муштараки Тоҷикистон ва Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» ва ҷараёни иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси коргоҳи ҳунарпешагӣ дар Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографияи (ВГИК) ба номи С.А.Герасимови Федератсияи Русия мубодилаи афкор намуданд.
Гуфта шуд, ки Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон масъули даъвати Комиссияи пешниҳоди асарҳои синамоии Тоҷикистон ба пурнуфузтарин Ҷоизаи байналмилалии Оскар (ИМА) ва APSA- Ҷоизаи осиёии синамо дар Австралия мебошад.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






