Дар шаҳри Конибодом ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи навбатии сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шуроҳои ҷамъиятии вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Истиқлол, Исфара, Истаравшан, ноҳияҳои Ашт, Деваштич, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Зафаробод дар шакли мизи мудаввар дар шаҳри Конибодом баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш роҳу усулҳои мубориза бо хурофоту ифротгароӣ, пешгирии гароиши наврасону ҷавонон ба ҳаракату равияҳои террористӣ, тундраву бегона ва дигар зуҳуроти номатлуб ва тавсеа бахшидани доираи фаъолияти Шурои ҷамъиятии вилоят, шаҳру ноҳияҳои гуфташуда бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар самти мубориза бо терроризму экстремизм давлати пешсаф эътироф гардида, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин 9 марти имсол бо дахли мубориза бо зуҳуроти нангин, аз ҷумла терроризм ва экстремизм чунин гуфтанд: «Омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии дорои хусусияти динӣ дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт. Сохтору мақомоти дахлдори мамлакат дар асоси барномаҳо ва дигар санадҳои қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин меъёрҳои қонунгузорӣ бар зидди ин таҳдидҳо муборизаи муташаккилонаро мебаранд. Тоҷикистон имрӯз ба сифати давлати пешсаф дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад. Бо вуҷуди ин ҳолатҳои ифротишавии баъзе шаҳрвандони мо ва гароиши онҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд, ки боиси нигаронӣ аст».
АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






