Дар шоҳроҳи Обигарм-Нуробод дарозтарин пул бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 18.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ оид ба лоиҳаи «Роҳи Обигарм-Нуробод — пули дароз ва роҳҳои ба он васлшаванда» тасдиқ карда шуд.
Созишномаи қарзӣ моҳи апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ҳаҷми умумии маблағи қарзии ҷалбшаванда 75,5 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд. Мақсад аз ҷалби ин маблағи қарзӣ сохтмони пул бо дарозии 920 метр дар роҳи мошингарди Обигарм — Нуробод мебошад. Бунёди пули мошингузар дар масири Обигарм — Нуробод равобити нақлиётӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсарҳадро тавассути шоҳроҳи М-41, инчунин бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар ин масир таъмин намуда, ба сарфаи вақту коҳиш додани арзиши ҳамлу нақл мусоидат мекунад.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки барои татбиқи пурраи ин масири роҳ дар умум ҷалби 407,9 миллион доллар дар назар дошта шудааст.
Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар баробари пешниҳоди кумаки техникӣ дар ҳаҷми 3,2 миллион доллари амрикоӣ ҳамчунин ба маблағи 75,5 миллион доллари ИМА қарз пешниҳод мекунад. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии ин лоиҳа 28,8 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин барои татбиқи лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд ҷалби 110 миллион доллари амрикоӣ дар назар дошта шудааст. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 150,3 миллион доллар ва Фонди ОПЕК 40,0 миллион доллар қарз пешниҳод намуданд.
Татбиқи лоиҳа соли 2024 оғоз гардида, соли 2030 ба анҷом мерасад: чор сол ба сохтмон ва ду соли дигар ба нигоҳдории пул равона мегардад.
Муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Азиз Гиёзода изҳор кард, ки ҳоло дар соҳаи нақлиёти мамлакат 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ мешавад.
Татбиқи лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод бо маблағи 3,3 миллиард сомонӣ идома ёфта, бо тасдиқ шудани лоиҳаи созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ барои ҷалби маблағи қарзӣ дар ҳаҷми 75,5 миллион доллари амрикоӣ бунёди калонтарин пули мамлакат бо дарозии 920 метр оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки яке аз се ҳадафи нахустини стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз расидан ба истиқлоли давлатӣ раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ эълон шуда буд.
Баҳри дар ҳаёт татбиқ намудани ин ҳадафи стратегии миллӣ бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат шоҳроҳи «Душанбе-Бӯстон-Чанак» бунёду навсозӣ карда шуд, дар ағбаҳои Шаршар, Чормағзак, Анзоб ва Шаҳристон нақбҳои мошингузар ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин роҳҳои мошингарди «Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош», «Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма», роҳи мошингарди «Қурғонтеппа-Дӯстӣ» навсозӣ карда шуданд. Аз болои дарёи Панҷ пули мошингузари «Дӯстӣ» (дар умум шаш пул) сохта шуданд, ки Тоҷикистонро бо кишвари Афғонистон мепайванданд.
Ҳамарӯза аз чор фурудгоҳи байналмилалӣ, воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Суғд ба кишварҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон парвозҳои мустақим доир мешаванд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»






