Дар Суғд лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли неруи барқ аз нури Офтоб ва бод татбиқ карда мешаванд

Май 23, 2024 13:06

СУҒД, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ширкати чинии «Liaoning Lide» Жанг Жинминг ва ҳамроҳонаш  масоили ҳамкории мутақобила ва тадриҷан густариш додани онҳо, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилоят зимни муаррифии имконоти вилояти Суғд таъкид дошт, ки вилоят чун «водии имконият» шинохта шуда, барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии он якчанд барнома ва лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ карда мешаванд.

Дар вилоят садҳо корхонаи хурду бузург фаъолият дошта, талабот ба неруи барқ зиёд мегардад. Аз ин лиҳоз, истифода аз манбаъҳои гуногун метавонад талабот ба неруи барқро қонеъ созад.

Жанг Жинминг аз пазироии гарму самимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки воқеъан ҳам бо истифода аз фанновариҳои замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нури Офтоб ва бод метавон неруи барқ истеҳсол кард.

Иттилоъ дода шуд, ки ин ширкат соли 2002 таъсис ёфта, асосан ба истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти соҳаи энергетика машғул мебошад. Ширкат шаш сол инҷониб дар Осиёи Миёна фаъолияти босамар дошта, сохтмони неругоҳеро дар Узбекистон оғоз намудааст, ки тавассути он аз бод неруи барқ истеҳсол менамояд. Татбиқи чунин лоиҳа дар вилояти Суғд низ имконпазир мебошад.

Зимни мулоқот тарафҳо ҳавасмандиашонро барои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳа дар самти бунёди неругоҳ баён доштанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Май 23, 2024 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад