Дар Тоҷикистон баҳри инкишофи маънавиву ҷисмонии кӯдакону наврасон механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак муайян, таъсис ва таъйин шудаанд

Май 31, 2024 19:18

ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оила, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», стратегия, консепсия ва дигар барномаҳои милливу идоравии дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак қабулшуда ва амалкунанда ҷанбаҳои заминавии таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдаконро танзим, ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя ва амалишавии онҳоро тавассути андешидани тадбирҳои мушаххас кафолат медиҳанд, — изҳор намуд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Дилрабо Мансурӣ зимни конфронси ҷумҳуриявӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид.

Конфронси ҷумҳуриявӣ бо ташаббуси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳамкорӣ бо Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Ҳукумати Швейтсария ва дигар шарикони рушд таҳти унвони «Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон: дастовард ва масъалаҳои ҷойдошта» баргузор шуд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Дилрабо Мансурӣ дар конфронс гуфт, ки «маҳз дар даврони истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакону наврасон таҳти ҳимояи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, дар ин самт даҳҳо барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ карда шуданд.

Масъалаи таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи шоиста ва мақоми меҳварӣ дорад. Корҳои анҷомёфта дар ин ҷода нишони он ҳастанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дарки масъулияти арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, бахусус кӯдакон фаъолияти худро устуворона пеш мебарад».

Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон якчанд тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, ин раванд бомаром идома дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оила, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», стратегия, консепсия ва дигар барномаҳои милливу идоравии дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак қабулшуда ва амалкунанда ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдаконро танзим, ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя ва амалишавии онҳоро тавассути андешидани тадбирҳои мушаххас кафолат медиҳанд.

Дар конфронс таъкид гардид, ки бо мақсади такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ барои дастгирии оилаву кӯдак ва ислоҳоти низоми идоракунии низоми ҳуқуқи кӯдак, фароҳам овардани шароити муносиб баҳри инкишофи маънавиву ҷисмонии кӯдакону наврасон механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ба монанди Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Вазорати маориф ва илм ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таъсис ва ҳамчун мақомоти таъминкунандаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон муайян ва таъйин шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро баҳри ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон меандешад, то ба онҳо шароити зиндагии арзанда ва шоистаи ифтихорро фароҳам оварад.

Масъалаи ҳифзи кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, дар қонунгузории мамлакат бо ин мақсад заминаи меъёриву ҳуқуқии муносиб гузошта шудааст. Аз ҷумла ворид намудани иловаҳо ба моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар хусуси иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон яке аз ин тадбирҳои зарурӣ дониста мешавад.

Дар конфронси ҷумҳуриявӣ гуфта шуд, ки бо ташаббуси навбатии инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нав қабул карда мешавад. Ин иқдом ғамхории навбатӣ нисбат ба кӯдакон мебошад. Дар лоиҳаи қонун бори аввал масъалаи аз ҷониби падару модар ва ё дигар шахсони онҳоро ивазкунанда, инчунин омӯзгорон ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдакон манъ карда шудааст.

Ҳоло дар мамлакат беш аз 4 миллион кӯдак зиндагӣ мекунад, яъне қариб нисфи аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлоли давлатӣ ба кӯдакон диққати ҷиддӣ дода, ҳанӯз соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ду Протоколи иловагии ин Консепсияро ба тасвиб расонидааст. Дар идома ба ин раванд, баҳри ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва рушду камоли онҳо Тоҷикистон соли 1993 бо яке аз сохторҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид дар ҷодаи ҳифзи кӯдакон- Хазинаи кӯдакон (ЮНИСЕФ) ҳамкории судманд намуда, бо гузашти беш аз 30 сол ин ҳамкорӣ паҳнои васеъ пайдо кардааст.

Соли 2015 барои амалигардонии босамари меъёрҳои ин Конвенсия ва баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак аз ҷониби ҳарду палатаи парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқхои кӯдак» қабул карда шуд. Бо қабул шудани қонуни мазкур самтҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муайян гардида, дар баробари ин мақоми Ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муайян карда шуд.

Ҳоло дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба кӯдакон ва ҳифзи онҳо масъалаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доранд. Яке аз ин масъалаҳо таҳия ва қабули Барномаи миллӣ оид ба ислоҳоти низоми ҳифзи кӯдак дар Тоҷикистон мебошад. Бо ин мақсад барои ислоҳоти самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон гурӯҳи кории назди Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Барнома баҳри ҳифзи кӯдакон дар бахш ва минтақаҳои гуногун бо ҷудо гардидани маблағҳои муайян қабул карда мешавад.

Таъкид гардид, ки баргузор шудани конфронси ҷумҳуриявии имрӯза бо муҳокимаи дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда дар ин самт, аз ҷумла роҳҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдак ва ҳалли мусбати он амали зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.

Дар конфронси ҷумҳуриявӣ роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонон иштирок ва суханронӣ карданд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2024 19:18

Хабарҳои дигари ин бахш

МАРКАЗИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ВА МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУОСИР. Кадом касбу ҳунарро дар ин ҷо метавон омӯхт?
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»