Даъвати баҳорӣ ба Артиши миллӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ идома дорад

Май 2, 2024 10:42

ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, бунёди заминаи хуби моддиву таълимӣ дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ва фароҳам овардани шароити ҳаматарафаи хизмативу майишӣ боис гаштааст, ки бештари шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷрои нақшаи даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати аскариро пеш аз муҳлат таъмин намоянд. Тавре дар маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ, фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ низ аз омилҳои муташаккилона идома ёфтани даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ мебошад. Ҷавонони саодатманд дар фазои сулҳу субот ва муҳити орому осоишта имкон доранд, ки дар Ватани худ хизмати пуршарафро адо намоянд.

Бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. Мояи ифтихор аст, ки чанд соли охир Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иҷрои нақшаро пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад.

Шаҳру ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва Роғун аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аллакай гузориш дода, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба 74 фоиз баробар мебошад.

Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи даъват дар вилояти Хатлон аст, ки ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Қубодиён ва шаҳрҳои Нораку Левакант даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расониданд. Иҷрои нақша дар ин вилоят 86  фоизро дар бар мегирад.

Шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  давоми моҳи апрел 55 фоизи нақшаи даъвату гусели ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба итмом расонидаанд.

Ба ҳамин тартиб дар муддати як моҳ иҷрои нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 51 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар чаҳор навоҳии пойтахт азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро бо сифати баланд ва пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд.

Бо сипарӣ гардидани як моҳ аз ҷараёни даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аллакай иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ зиёда аз 70 фоизро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва баҳри дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» чорабиниҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз якуми апрел то охири моҳи майи имсол дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона идома меёбанд.

АКС: Вазорати мудофиаи Тоҷикистон

 

Май 2, 2024 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад