Директори Хазинаи байналмилалии асъор бо занони пешсафи тоҷик мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар доираи сафари кории ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» суҳбати озоди директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор хонум Кристалина Георгиева бо занону духтарони фаъоли ҷамъиятӣ ва давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Меҳвари асосии суҳбатро масъалаҳои марбут ба таъмини баробарии гендерӣ дар тамоми қишрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар оила ва бозори меҳнат, таъсири он ба рушди иҷтимоӣ, муҳиммият ва мақсадҳои асосии баробарии гендерӣ, инчунин дигар андешаҳои ҷолибу созандаи занони фаъол вобаста ба рушду нумуи мамлакат ташкил дод.
Бояд гуфт, ки дар мулоқот муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва дигар занони фаъол ва пешсафи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






