Доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Туркия дар Анқара тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 160 субъекти бахши хусусии Тоҷикистон ва Туркия дар Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Туркия, ки дар Анқара доир гардид, иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории ду давлатро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия.
Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Туркия дар ҳошияи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.
Инчунин доираҳои соҳибкории ҳарду давлат дар қолаби B2B мулоқот намуда, ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои афзалиятнок баррасӣ намуданд.
Аз натиҷаи Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Туркия ду санади ҳамкорӣ байни субъектони бахши хусусии ҳарду давлат ба имзо расонида шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия










Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






