DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Cитораҳои ҷудои дунё Тедди Ринер ва Шоҳей Оно ба Тоҷикистон омаданд

Май 2, 2024 07:55

ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дурахшонтарин ситораҳои ҷудои дунё Тедди Ринери (Фаронса) ва Шоҳей Оно (Ҷопон) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгарони маъруфи сайёраро намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва масъулини кумитаи тадорукоти  мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» пешвоз гирифтанд.

Бояд таъкид намуд, ки Тедди Ринери 35-сола муддаии асосӣ дар вазни беш аз 100 килограмм дар ин мусобиқа  ба ҳисоб меравад.

Ин паҳлавони машҳур чемпиони секаратаи олимпӣ (Лондон-2012, Рио-2016, Токио-2020), қаҳрамони 12-каратаи ҷаҳон (бори охирин дар Давҳа-2020), қаҳрамони 5-каратаи Аврупо (бори охирин дар Қазон-2016) ва қаҳрамони бисёркаратаи Фаронса оид ба ҷудо мебошад.

Дарвоқеъ, Тедди Ринер дар таърихи чемпионати ҷудои ҷаҳон варзишгари аз ҳама серунвонтарин маҳсуб мешавад.

Инчунин паҳлавони ҷопонӣ Шоҳей Оно, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар «Dushanbe Grand Slam 2024» иштирок мекунад,   чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон (се маротиба дар рақобатҳои инфиродӣ ва чор маротиба дар сабқатҳои даставӣ) оид ба ҷудо, дорандаи Ҷоми ҷаҳон, ғолиби Бозиҳои осиёӣ, ҷоизадори нишони нуқраи чемпионати Осиё, чемпиони чоркаратаи Ҷопон ва дорандаи дани 5-уми IJF мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бори аввал дар таърих 3-5  май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2024»  доир мегардад.

Пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар бораи шуруъ аз соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон доир намудани яке аз мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо «Grand Slam» оид ба ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пазируфта шудааст.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Май 2, 2024 07:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид