DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд

Май 5, 2024 19:50

ДУШАНБЕ, 05.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мусобиқаи байналмилалӣ Dushanbe Grand Slam 2024 оид ба ҷудо дар пойтахти Тоҷикистон ба анҷом расид. Тоҷикистонро дар ин рӯз 12 ҷудочӣ муаррифӣ намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи охир Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) медали нуқра, Муҳаммаҷон Абдуҷалилзода  (дар вазни -90 кг) медали биринҷӣ ва Ҷаҳонгир Маҷидов (дар вазни -100 кг)  медали биринҷии мусобиқаро соҳиб шуданд.

 

 

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи сеюми мусобиқа:

Занон

-78 кг

1. Анна-Мария Вагнер (Олмон)
2. Алина Боем (Олмон)
3. Эмма Рид (Британияи Кабир)
3. Беата Пакут-Клочко (Лаҳистон)

+78 кг

1. Ася Тавано (Италия)
2. Кинга Волшак (Лаҳистон)
3. Урсула Хофман (Лаҳистон)
3. Ли Хёнджи (Ҷумҳурии Корея)

Мардон

-90 кг
1. Мунсур Ларсанов (намояндаи дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
2. Давид Кламмерт (Чехия)
3. Хан Чиёп (Ҷумҳурии Корея)
3. Муҳаммаҷон Абдуҷалилзода (ТОҶИКИСТОН)

-100 кг

1. Дженнаро Пирелли (Италия)
2. Даниэл Эйх (Шейтсария)
3. Ҷаҳонгир Маҷидова (ТОҶИКИСТОН)
3. Джафар Костоев (Амороти Муттаҳидаи Арабӣ)

+100

1. Тедди Ринер (Фаронса)
2. Темур Раҳимов (ТОҶИКИСТОН)
3. Денис Башаев (намояндаи дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
3. Лоссени Коне (Олмон)

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ шуданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ Dushanbe Grand Slam 2024 ҷудочиёни Тоҷикистон 7 медалро соҳиб шуданд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов  (дар вазни -60 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра, Муллораҷаб Халифаев (дар вазни -66 кг) медали биринҷӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода (дар вазни -73 кг) медали нуқра , Муҳаммаҷон Абдуҷалилзода  (дар вазни -90 кг) медали биринҷӣ, Ҷаҳонгир Маҷидова (дар вазни -100 кг) медали биринҷӣ ва Темур Раҳимов (дар вазни +100) медали нуқра ба даст оварданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 5, 2024 19:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид