Душанбе мизбони ҷаласаи 28-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад

Май 27, 2024 13:28

ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 28 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад, ки дар он намояндагон аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Узбекистон, Федератсияи Русия, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба иштирок менамоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳошияи баргузории ҷаласа мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарияти мақомоти марбутаи муҳоҷирати  Тоҷикистон бо  Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст.

Дар кори Шуро вазъи муҳоҷират, тағйирот дар қонунгузории миллӣ дар соҳаи муҳоҷират ва амалияи ҳуқуқии мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва ҷараёни омодасозии санадҳои намунавии қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва дигар масъалаҳо муҳокима мегарданд.

АКС аз бойгонӣ

Май 27, 2024 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст