Гулноз Аҳмадова дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ дар Донишгоҳи байналмилалии Самарқанд соҳиби медали тилло гардид

Май 9, 2024 18:00

ФАЙЗОБОД, 09.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Файзобод Гулноз Аҳмадова дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ дар Донишгоҳи байналмилалии Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон иштирок  намуда, аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Гулноз Аҳмадова иброз дошт, ки «дар замони соҳибистиқлолӣ  Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврас беҳтарин шароити хондан муҳайё намудаанд. Ман аз ин имконият самаранок истифода бурда, вақти зиёдамро ба хондану аз худ кардани забонҳои англисӣ ва русӣ сарф намудам. Ҳоло ба мо беҳтарин омӯзгорон сабақ медиҳанд. Хушбахтона, ман ба ин озмуни байналмилалӣ роҳ ёфта, рақобат намудам ва дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии 13 давлати дунё сазовори ҷойи аввал гардида, парчами Тоҷикистонро баланд бардоштам, ки ин барои ман фаромӯшнопазир аст».

Омӯзгори фанни забони англисии муассисаи таълимии №1-и ноҳияи  Файзобод Матлуба Мирзоева гуфт, ки «аз муассисаи мо дар ин озмуни байналмилалӣ се нафар иштирок намуда, сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд, ки ин мояи ифтихори мо, омӯзгорон мебошад. Бояд гуфт, ки усулҳои нави таълим ва истифодаи технологияи наву барномаҳои гуногуни забономӯзӣ ба насли наврас таъсири хуб расонида, онҳо кӯшиш менамоянд, ки захираи луғавиашонро зиёд намуда, донандаи хуби забонҳои хориҷӣ гарданд». Ба таъкиди омӯзгор, Гулноз Аҳмадова яке аз хонандагони серталаби мактаб ба ҳисоб меравад ва имрӯзҳо бо забони англисӣ ва русӣ озод суҳбат менамояд.

«Ман фикр мекунам, ки дар баробари таълими мо, омӯзгорон Гулноз асосан бо таъсири волидайн ва тарбияи дурусти онҳо ба ин муваффақият сазовор гардид.  Аз ин рӯ падарону модарон бояд дар фикри ояндаи фарзандонашон бошанд ва он маблағҳоеро, ки дар маъракаҳои беҳуда сарф менамоянд, бояд барои забономӯзию соҳибкасб гардидани фарзандонашон сарф кунанд»,-иброз намуд Матлуба Мирзоева.

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи байналмилалии фаннӣ   байни 13 давлат дар се давр баргузор гардид. Дар даври ниҳоии он хонандагон  аз Туркия, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Аз ноҳияи Файзобод  дар ин олимпиада 15 нафар иштирок намуданд, ки дар натиҷа ҳамаи онҳо сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм гардида,  бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ қадрдонӣ шуданд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 9, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид