«Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд муайян шуд

Май 31, 2024 18:40

ДУШАНБЕ, 31.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 майи соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар марҳилаи донишгоҳии озмун 50 магистранту донишҷӯ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  хабар доданд.

Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни қишри ҷавони аҳолии мамлакат, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мегардад.

Дар озмун магистранти курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ Фарҳод Ҳоҷиев сазовори ҷойи 1, донишҷӯи курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ Шоҳрух Сайдалиев соҳиби ҷойи 2, донишҷӯи курси сеюми факултети забонҳои хориҷӣ Лола Мирзоева соҳиби ҷойи 2, донишҷӯи курси сеюми факултети таърих ва ҳуқуқ Абубакр Маҳмадзода сазовори ҷойи 3, донишҷӯи курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ Расулҷон Бобоҷонзода соҳиби ҷойи 3 ва донишҷӯи курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ Дилшода Атамуродова сазовори мақоми сеюм гардиданд.

Ғолибон ба даври ҷумҳуриявии озмун пешниҳод карда мешаванд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Май 31, 2024 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид