ИЛОҶИ ВОҚЕА ҚАБЛ АЗ ВУҚУЪ. Дар беш аз 30 ҳазор гектар замини вилояти Хатлон хуруҷи малах сабт шудааст

Май 2, 2024 19:33

ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон то охири моҳи апрел  дар 30 803 гектар пайдоиш ва хуруҷи малах сабт шудааст, ки барои пешгирии он Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Гуфта шуд, ки бар асари тағйирёбии иқлим имсол низ дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон — Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Шаҳритус ва Қубодиён хуруҷи малахи марокашӣ мушоҳида мешавад. Корҳои кимиёвӣ бар зидди малахи марокашӣ аз моҳи март идома дошта, давоми се марҳила гузаронида мешаванд.

Дар айни замон дар талу теппаҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, Вахш, Панҷ, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд.

Ба гуфти мутахассисон, малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳое, ки барои гузаронидани коркарди кимиёвӣ дастнорас мебошанд, тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзии вилояти Хатлон мефарояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими имсола дар 72 895 гектар коркарди кимиёвӣ бар зидди малахи марокашӣ ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Май 2, 2024 19:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид