«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин иқдомро ҷонибдорӣ менамоянд

Май 10, 2024 16:33

ДУШАНБЕ, 10.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди мамлакат иқдоми ҷумҳуриявии «Истиқболи сарбози Ватан шараф аст!» идома дорад. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин ташаббусро дар фазои орому осудаи Ватан баргузор менамоянд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд низ ҷавонмардонеро, ки қарзи шаҳрвандӣ- хизмат дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида, сарбаландона ба назди волидайн баргаштаанд, бо суруру шодмонӣ истиқбол мегиранд.

Дар фазои тантанавии истиқболи сарбозони далери Ватан дар манзили истиқоматиашон барои садоқатмандона ҷамъбаст намудани хизмати аскарӣ ва тарбияи чунин ҷавонмардони ватандӯст ба волидони онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба сарбозон туҳфаву сипоснома супорида мешаванд.

Бояд таъкид намуд, ки чунин иқдом дар шаҳри Истаравшан низ идома дорад. Ҷавонмардони сарбаланде, ки қарзи шаҳрвандӣ- хизмат дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида, ба назди волидайн баргаштаанд, бо суруру шодмонӣ истиқбол гирифта мешаванд.

Гуфта мешавад, ки ҳимояи марзу буми Ватан ва обод гардонидани он вазифаи имониву виҷдонии ҳар шаҳрванди мамлакат, бахусус ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун омили муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва рукни асосии ҷавонмардӣ аз насл ба насл ба мерос мондааст.

Ҳамзамон дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ин ташаббусро ҷонибдорӣ намуда, ҷавонони бонангу номусеро, ки адои хизмат намудаанд, бо тантана пешвоз мегиранд. Зеро имрӯзҳо сафи ҷавонони бонангу номус ва ватандӯст зиёд шуда, онҳо хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор ва бо сари баланд адо менамоянд.

Сарбозони ноҳия иброз медоранд, ки дар хизмати аскарӣ дарк намудаанд, ки ҳар ҷавонмард барои иҷрои қарзи фарзандиаш бояд ба хизмати аскарӣ равад. «Зимни хизмат ҳар сарбоз мактаби ҷавонмардиро гузашта, ба ҳифзи Ватан-Модар ҳамаҷониба омода мешавад. Ба ғайр аз ин дар инҷо касбу ҳунар омӯхта, дурӣ аз падару модар ва ёру дӯстон имкон медиҳад, ки ба қадри онҳо бештар расӣ»,-мегӯянд онҳо.

Воқеан, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонмардон дарси ҷасорату мардонагӣ буда, дар ин мактаб онҳо ҳамчун шахсони далеру шуҷоъ тарбияву камол меёбанд. Дар ин самт, пеш аз ҳама, саҳми падару модарон зиёд буда, маҳз онҳо метавонанд дар дили фарзандон ҳисси баланди ватандӯстиро бештар созанд. Барои тарбияи дурусту муваффақи чунин фарзандони масъулиятшинос волидонро зарур аст, ки фарзандонро аз хурдӣ тарбияи хуб диҳанд.

Ҳадаф аз баргузории ин иқдом- баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон, пешгирии ҳамроҳшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, инчунин ҷалби онҳо ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 10, 2024 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ» баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор зан роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аст
Дар Ёвон оид ба нақши волидайн ва омузгор дар таҳкими фарҳанги тарбия ва худшиносии фарзандон ҳамоиш доир шуд
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд