Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз омадани сел ҳушдор медиҳад

Май 29, 2024 11:42

ДУШАНБЕ, 29.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки 29-30 май  дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии Тоҷикистон, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  омадани сел пешбинӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

29 май эҳтимоли болоравии сатҳи об дар дарёҳои Зарафшон,  Обихингов, Сурхоб, Вахш, Ёқсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳои ҷоришаванда аз нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор (Варзоб, Лучоб, Харангон, Ромит, Элок) вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин Кумита  аз шаҳрвандон  хоҳиш мекунад, ки  дар ин рӯзҳо ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ ё истироҳату оббозӣ нараванд.

Ҳамзамон ба диққати сокинони манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ расонида мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии гиёҳҳои дорувор ва ҳезум худдорӣ намоянд.

Бо мақсади пешгирии даромадани сел ба хонаву ҳавлиҳо ва майдонҳои кишт сокинон бояд пешакӣ селроҳаҳо, каналҳо ва ҷӯйҳоро аз ҳар гуна хасу партов ва сангу шағал тоза кунанд.

АКС аз бойгонӣ

Май 29, 2024 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»