Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
ШАҲРИНАВ, 13.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав тариқи қубурҳои об аз канали Чузӣ корҳои тозакуниву таъмири лӯлаҳо гузаронида шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Масъулин зимни омодагӣ ба мавсими обёрӣ тавассути техникаҳои боркашонӣ дохили қубурҳои обгузарро, ки аз зери роҳи оҳан мегузаранд, аз лою гил тоза намуданд. Ҷараёни иҷрои тадбирҳои обёрии заминҳо таҳти назорати доимии раиси ноҳия ва ситоди доимӣ қарор дорад.
Ҳамчунин таҳти раёсати Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Шаҳринав бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои табиӣ ва селу обхезӣ ҷаласаи ситоди фаврии Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баргузор гардид.
Иброз гардид, ки бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани хавфи ҳолатҳои табиӣ, инчунин рафъи ҳолатҳои фавқулода дар каналҳои Мулло Шодӣ, Заркамар ва мавзеъҳои селпартои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов ва Боғистон бояд ба таври фаврӣ корҳои таъмиру тозакунӣ анҷом дода шаванд.
Ҳамзамон дастур дода шуд, ки дар маҳалҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, барои пешгирии хавфи ҳолатҳои табиӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар маҳал кор баранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






