Мақомоти гумрук маҳсулоти тамокуи навъи «Milano» ва «ESSE»-ро дарёфт ва мусодира намуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон дар ҳудуди пойтахт ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз дохили воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота Прадо» ба миқдори 7000 қуттича тамокуи навъи «Milano» ва 1180 қуттича тамокуи навъи «ESSE»-ро дарёфт ва мусодира намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Ин миқдор тамоку тамғаи аксизӣ надошта, бар хилофи тартиби муқарраргардида ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Зимни гузарониданн саиҷиш муайян карда шуд, ки маҳсулоти тамокуи мусодирашуда ба шаҳрвандон А.Х. Ш.С ва С.Қ тааллуқ дошта, онҳо тибқи маслиҳати пешакӣ бо мақсади ба даст овардани фоида мехостанд ин миқдор тамокуро дар ҳудуди пойтахт ба фурӯш бароранд.
Тибқи мактубҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди /ҶДММ/ «Пардис Групп» ва ҶДММ «Сеганҷ», ки дар ҳудуди Тоҷикистон дистрибютери расмии ширкатҳои кореягии «KT&G» ва Аморати Муттаҳидаи Араб «Gulbahar Tobacco Internetional» мебошанд ва тамғаи молии маҳсулоти тамокуи навъи «Milano» ва «ESSE»-po ба реестри гумрукии моликияти зеҳнии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ворид намудаанд, нархи 1 қуттича маҳсулоти тамокуи навъи «Milano» 12 сомонӣ ва «ESSE» 20 сомониро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ, маҳсулоти тамокуи аз воситаи нақлиёт дарёфтшуда 8 ҳазору 180 қуттича ва маблағи умумияш 107 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳолат Прокуратураи генералӣ нисбат ба ин шаҳрвандон ва дигарон бо аломатҳои моддаи 2591қисми 2 банди «а», Қодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






