«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОЙИНИ ХУДШИНОСӢ». Дар ноҳияи Синои пойтахт даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Май 24, 2024 09:18

ДУШАНБЕ, 24.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём» барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон даври дуюми (ноҳиявии) озмуни ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ-ойини худшиносӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар ин замина аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино» низоми нави баргузорӣ, ташкил ва ҷамъбасту натиҷагирии озмун ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки озмун аз ду қисм иборат аст: амалӣ ва назариявӣ. Кори хаттии озмун ба таври кушода гузашта, намунаи мавзуъҳои тавсияшаванда чанд рӯз қабл то баргузории озмун дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуда буд.

Корҳои тестӣ тариқи низоми автоматӣ (худкор) доир мешаванд. Дар рӯзи дуюми озмун қисмати шифоҳӣ ба нақша гирифта шуда, барои дуруст муайян намудани донишу малакаи довталабон коршиносон аз факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино ҷалб гардидаанд.

Тибқи тартиби муқарраргардида, озмун аз ду қисм: амалӣ ва назариявӣ иборат аст. Қисми амалии озмун мутобиқ ба меъёрҳои Низомнома аз кори хаттӣ ва саволномаҳои тестӣ иборат буда, қисми назариявӣ аз шартҳои «Саволномаи шифоҳӣ», «Рӯнамо» «Мақола» «Шеър» ва «Расм» иборат аст.

Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии наврасон ва ҷавонон, паст намудани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва боло бурдани донишҳои ҳуқуқии наврасон мебошад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Май 24, 2024 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд