МЕТРО ДАР ДУШАНБЕ. Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ натиҷаи омӯзиши имконоти марҳилаи аввали сохтмони метроро баррасӣ намуданд

Май 27, 2024 15:04

ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои омӯзиши имконияти марҳилаи аввали сохтмони метро дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти ҳайатҳои мутахассисони Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Намояндагони корпоратсияи «Роҳи оҳани миллии Корея», ки дар сохтмони метро таҷрибаи зиёд доранд, гуфтанд, ки Душанбе бо аҳолии беш аз 1,2 миллион нафар ба бунёди чунин роҳҳои мувофиқ ниёз дорад. Онҳо пешниҳод намуданд, ки метро бо истифода аз низоми метрои баландсуръат (Light Rail Transit) сохта шавад.

Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба идомаи марҳилаи навбатии лоиҳаи сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ибрози назар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 14 марти соли 2022 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корпоратсияи «Роҳи оҳани миллии Корея» (Korean National Railway е Korea Railroad Corporation) дар шакли маҷозӣ Ёддошти тафоҳум оид ба омӯзиши имконияти сохтмони роҳи метро дар шаҳри Душанбе ба имзо расид, ки зери ин санад Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси корпоратсияи «Роҳи оҳани миллии Корея» Ким Хангёнг имзо гузошта буданд.

Дар асоси ин санад мутахассисони Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ давоми 11 моҳ ҷанбаҳои ташкилию ҳуқуқии сохтмони метро дар шаҳри Душанберо таҳлил ва таҳқиқ намуданд.

22 августи соли 2023 Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содиротию воридотии Кореяи Ҷанубӣ, ки бо номи «Эксимбонк»-и Кореяи Ҷанубӣ низ маъруф аст, барои маблағгузории омӯзиши пешакӣ ва асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метрополитен дар Душанбе Ёддошти тафоҳум ба тасвиб расониданд. Санадро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи «Эксимбонк»-и Кореяи Ҷанубӣ Квон Биеонг-Юн имзо карданд.

Бонки Кореяи Ҷанубӣ барои гузаронидани корҳои пешакӣ 200 ҳазор доллари амрикоӣ пешниҳод мекунад. Намояндагони бонк розӣ шуданд, ки инчунин таҳияи муфассали лоиҳаро низ маблағгузорӣ намоянд.

Қаблан барои муҳокимаи саривақтии масъалаҳои сохтмони метро ҷонибҳо аз ҳисоби намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва корпоратсияи «Роҳи оҳани миллии Корея» гурӯҳи кории доимӣ таъсис доданд, ки дар доираи он 17 вохӯрӣ баргузор гардид.

АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Май 27, 2024 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд