«МИРЗО ТУРСУНЗОДА-ЧЕҲРАИ МОНДАГОРИ АДАБУ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Мирзо Турсунзода — чеҳраи мондагори адабу фарҳанги тоҷик» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалӣ ва маҳфили «Турсунзодахонӣ» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Дар бахши аввал устодону шогирдони факултетҳои филологияи тоҷик, журналистика, забонҳои Осиё ва Аврупо ба зиёрати оромгоҳи шоир ба Лучоби зебоманзар рафта, бо гулгузориву шеърхонӣ ва ёдкарди фазилатҳои неки шоир руҳи ӯро шод карданд.
Дар бахши дуюм бо иштироки меҳмонон аз сохторҳои гуногуни илмию адабии ҷумҳурӣ ва берун аз он дар бинои асосии Донишгоҳ ҳамоиши «Мирзо Турсунзода — чеҳраи мондагори адабу фарҳанги тоҷик» доир гардид, ки ба маҳфили 44-уми «Турсунзодахонӣ» рост омад.
Дар ҳамоиш мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода иброз дошт, ки устод Мирзо Турсунзода тавонист миллати тоҷикро чун халқи сулҳпарвару ба дӯстиву рафоқат устувор ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.



Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон изҳор намуд, ки устод Мирзо Турсунзода мунодии сулҳу дӯстӣ, нависандаи равшанзамир, машъалдори роҳи озодиву истиқлол, парчамбардори матини илму адаб ва фарҳанги миллии тоҷикон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари «Чеҳраҳои мондагор» навиштаанд, ки «Мирзо Турсунзода ҳамнафасу ҳамқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва имрӯз низ бо осори пурмазмунаш ҳамзамони мо аст. Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, шоири миллии халқи тоҷик аст».
Гуфта шуд, ки шоири саршиноси тоҷик устод Мирзо Турсунзода мутааллиқ ба ҳамаи ҷаҳон буда, паёмаш бо мамлакати худаш маҳдуд нагашта, арзиши ҷаҳонӣ дорад. Тараннуми дӯстии халқҳо аз ҷумлаи мавзуоти меҳварии ашъори устод Мирзо Турсунзода ба шумор меравад. Ин нишони он аст, ки симои шоири миллии мо ба ҳукми чеҳраи нотакрори сулҳпарвар ватарғибгари дӯстии халқҳои олам дар саросари ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»











35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






