Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон соҳиби дастгоҳҳои муосир гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо соҳиби таҷҳизоти тиббии муосир гардиданд, ки ба мутахассисони соҳа имконият медиҳад, то хизматрасониро ба аҳолии мамлакат сари вақт, бо сифати баланд ва самаранок анҷом диҳанд. Дар хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.
Таҷҳизоти муосири тиббӣ аз томографияи компютерӣ, УЗИ, рентгени рақамӣ, автоклав, лапароскоп, эндоскоп, таҷҳизоти лабораторӣ, таҷҳизот барои топанатония, ИВЛ, таҷҳизоти лор, таҷҳизот барои ҳуҷраи ҷарроҳӣ ва ғайра иборат мебошанд. Инчунин ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо дастгоҳи нодири ангиограф дастрас карда шуд.
Тавре мутахассисони ин марказ иттилоъ доданд, коркарди дастгоҳи ангиограф нисбат ба дастгоҳҳои қаблӣ, ки дар бахши ҷарроҳии дилу рагҳо истифода мешаванд, хеле осон мебошад.
Ин дастгоҳ тавассути таҷҳизоти махсус беморро бо сифати баланд ба навор мегирад, ки ин омил барои боз ҳам беҳтар анҷом додани амалиёти ҷарроҳӣ ба табибон кумак менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти тиббӣ дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ барои муассисаҳои тандурустии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо бо дастгирии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ба ин муассисаҳо дастрас гардиданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи нодурусти ангишт метавонад боиси заҳролудшавии инсон гардад
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова бо якчанд коллеҷҳои шаҳри Жичжаои Чин ҳамкорӣ менамояд
БАРОИ ГИРИФТОР НАШУДАН БА БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ ЧӢ БОЯД КАРД? Пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ муҳим аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин роҳи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
То 1 апрел лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Дар Тоҷикистон аз соли 2020 то 2026 андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст
ОГОҲӢ. 16-17 январ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 8-10 дараҷа паст мешавад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон аз 16 январ ҳарорати ҳаво паст мешавад
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?






