Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 дар вилояти Суғд кумакҳои Пешвои миллатро тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 09.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба манзили истиқоматии иштирокчииёни ҷанги солҳои 1941-1945 аз шаҳри Конибодом — Абдуваҳҳоб Махкамов, ноҳияи Ашт -Қӯчқор Ҳоҷиматов, Абдуқодир Холматов, ноҳияи Мастчоҳ — Ҳотам Шокиров, ноҳияи Деваштич — Нозим Носиров, Бибола Рӯзиматов рафта, онҳоро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Ғалаба табрик намуд ва кумакҳои пулии Пешвои миллатро дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ супорид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 ҳамеша таҳти ғамхории пайвастаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, зиндагиву корномаи онҳо мактаби мардонагӣ ва намунаи ибрат барои насли ҷавон мебошад.
Иштирокчиёни ҷанг миннатдории самимии худро ба Роҳбарияти Олии мамлакат расонида, иброз доштанд, ки вазъи зиндагии онҳо бо роҳнамоии Пешвои миллат пайваста дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки зимни супоридани кумакҳои пулии Сарвари давлат роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо низ иштирок доштанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз













Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






