Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар Гурҷистон сафарҳои омӯзишӣ ва табодули таҷриба барои кормандони соҳаро баррасӣ намуданд

Май 27, 2024 09:48

ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи сафари тарғиботӣ оид ба имконияти сайёҳӣ ба Гурҷистон намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини якуми раиси Идораи миллии сайёҳии Гурҷистон Тамар Кориаулӣ мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Тамар Кориаулӣ аз ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мустақим байни Душанбе ва Тифлис изҳори хурсандӣ намуда, ин хатсайрро оғози саҳифаи нав дар муносибатҳои ҳамкории мардумони Тоҷикистон ва Гурҷистон арзёбӣ намуд.

Зимнан, ҷониби Тоҷикистон оғози фаъолияти хатсайри ҷадидро барои таҳкими минбаъдаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ташкили ҷавобии сафари тарғиботии намояндагони воситаҳои ахбори омма ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Гурҷистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин амалӣ намудани сафарҳои омӯзишӣ ва табодули таҷриба барои кормандони соҳаи сайёҳӣ ва субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва мутақобилан судманд доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки ба муносибати ба фаъолият шуруъ намудани хатсайри мустақими Душанбе-Тифлис ҳайати намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ, блогерони маъруф ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби имконоти сайёҳии Гурҷистон ба муддати ҳафт рӯз тариқи нахустин парвози мустақими ҳавоӣ ба Гурҷистон сафар намуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 27, 2024 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад