Оид ба муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоити ахбори омма» ҳамоиш доир шуд

Май 14, 2024 17:02

ДУШАНБЕ, 14.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот оид ба муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоити ахбори омма» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар  медиҳад.

Иброз гардид, ки муҳокимаи ҷамъиятӣ ба таҳкими эътимод байни парлумон ва намояндагони созмонҳои журналистӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон мусоидат  менамояд. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи демократӣ ба кафолатҳои  конститутсионии озодии баён ва иттилоот асос ёфта, мафҳуми «озодии баён»  ҳамчун ҳуқуқи доштани андеша, эътиқод ва баёни озодонаи он фаҳмида мешавад.

Гуфта шуд, ки ин мафҳумҳо аз моддаи 30-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегиранд: «Ба ҳар  кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад…»

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти воситаҳои ахбори омма асосан бо ду қонун: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» танзим карда мешавад.

Изҳор карда шуд, ки сарфи назар аз тағйироту иловаҳо ба ин қонунҳо тараққиёти технология ва уҳдадориҳои байналмилалӣ моро водор менамоянд, ки ин санадҳоро ба меъёрҳои байналмилалӣ ва шароити замонавӣ мутобиқ кунем.

Барои ноил шудан ба ин бо қарори кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот моҳи марти соли 2023 гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоити ахбори омма» таъсис дода шуд.

Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дохил гардида, таҷрибаи мухталифи минтақа, кишварҳои таҳлилкунандаи санадҳои қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти ВАО-ро омӯхтанд.

Гурӯҳи корӣ сохтор ва тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоити ахбори омма»-ро таҳия намуда, онро дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқшиносон муҳокима намуд.

Дар натиҷаи муҳокимаҳо 100 пешниҳоду таклиф ба даст омад, ки гурӯҳи корӣ ҳамаи онҳоро бори дигар мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳадафи муҳокимаи навбатӣ он буд, ки пеш аз пешниҳоди лоиҳа ба  Парлумон он бо доираи васеи намояндагони мақомоти давлатию вакилони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ ва журналистӣ бори дигар баррасӣ ва таҳрир карда шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 14, 2024 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?