«ОИЛА-САРОҒОЗИ САОДАТ». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиш баргузор шуд

Май 15, 2024 09:43

ДУШАНБЕ, 15.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 15 май Рӯзи байналмилалии оила аст. Бахшида ба ин сана дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Оила – сароғози саодат» ҳамоиши идона баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ иброз дошт, ки “бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, алалхусус Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории хонаводаҳо ва беҳбуди фазои маънавиву моддии оилаҳо ва дар маҷмуъ зиндагии босаодати аҳли ҷомеа тамоми заминаҳо фароҳам оварда шуданд. Дар ин замина Ҳукумати мамлакат ва ниҳоди қонунгузор давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои таҳкими заминаҳои ташаккули оилаҳо бо назардошти арзишҳои фарҳанги миллии пойдории оила, нақши он дар таълим ва тарбияи фарзандон як силсила барномаву стратегияҳо ва қонуну санадҳоро тибқи талаботи замони муосир таҳия ва қабул намуданд, ки ба рушд ва мустаҳкамию пойдории оилаҳо мусоидат менамояд”.

Ҳамчунин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ гуфт, ки “Рӯзи байналмилалии оила соли 1993 аз ҷониби Созмони Милали Мутаҳид ба тасвиб расида, дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад. Ҳамасола 15 май бо ибтикор ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо анъанаҳои неки миллӣ ва суннатҳои наҷиби оиладорӣ истиқбол карда мешавад”.

Гуфта шуд, ки баргузор намудани чунин ҳамоиш ба пойдории оилаҳои ҷавон ва рӯзгордории онҳо таъсири калон мерасонад. Пешрафти мамлакат вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳогузорӣ мешавад. Бо назардошти муҳиммияти оилаву оиладорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид доштанд, ки «оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи мамлакат барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби давлату Ҳукумат тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд».

Иброз гардид, ки оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомадиҳандаи таърихии наслҳо мебошад. Маҳз бо шарофати оила давлат қавӣ гашта, тараққӣ мекунад. Мутафаккири барҷастаи Юнони Қадим Арасту гуфта буд, ки “оила пояи асосии ҷомеа ва давлат аст. Дар давлате, ки устувории оилаҳо зиёд аст, дар он ҷомеаи солим ҳукмфармо мебошад”.


Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо иродати шахсии Пешвои миллат бо мақсади таъмини ҳуқуқҳо ва кафолати баробарии воқеии мардону занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила якчанд санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатӣ ва баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар санадҳо қабул гардиданд, ки ба ташкил додани оилаи солим мусоидат менамоянд. Оилаи солим поягузори ҷомеаи солим аст.

Изҳор шуд, ки зарурати таҳия ва қабули Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин нақши калидии оила дар таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату якдилӣ дар ҷомеа, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва пешгирӣ аз таъсири манфии василаҳои иттилоотӣ ба тарбияи дурусти фарзандон мебошад.

Зимни ҳамоиш ғолибони озмуни «Оилаҳои беҳтарин», ки бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тибқи Низомномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуданд, бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши театрии «Ашки хунини модар» манзури иштирокчиён гардонида шуд.

Ҳамоиш дар сатҳи баланд бо ифтихори ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ баргузор гардид.

София ШОИК,
Зоирҷони ТОИРЗОД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Май 15, 2024 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун дар Тоҷикистон маъракаи хунсупорӣ гузаронида шуд
Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ташкил мегардад
Дар Женева ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат баррасӣ гардид
То соли 2028 ба ҳама шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон хотима дода мешавад
Муовини Сарвазир бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминҷунбӣ зарардидаи ноҳияи Рашт шинос шуд
Барои дар тобистон ба бемории дарунравӣ гирифтор нашудани кӯдакон чӣ бояд кард?
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор мегардад
Беш аз 190 ҳазор нафар наврасони вилояти Хатлон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта мешаванд
«ТОБИСТОН-2025». Дар Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЯХМОС. Чаро ин ширинии яхбастаро аз ҳама зиёд кӯдакон дӯст медоранд?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Ҷаҳон Азонов: «Истеъмоли нодуруст ва аз меъёр зиёди ғизо давомнокии умрро кӯтоҳ мекунад»
Дар Бохтар бинои нави Беморхонаи бемориҳои дил ва маркази эндокринология сохта мешавад