«ҶОВИДОН БОД, ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН». Дар шаҳри Душанбе Моҳвораи ҷавонон ҷамъбаст гардида, ҷавонони фаъол қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Тоҳирӣ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» гардид. Ин ҷоиза имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон зимни ҳамоиши фарҳангӣ — фароғатии ҷамъбасти Моҳвораи ҷавонон таҳти унвони «Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон» баргузор гардид, ба ӯ тақдим карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, зимни он аз ҷониби як қатор сохторҳо чанде аз кормандони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ифтихорнома, медалҳои сари синагӣ ва ҷоизаҳои соҳавию давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамоиш ҷиҳати ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон ва бо суруру шодмонӣ қадршиносӣ намудани ғолибони маҳфилу озмунҳои давоми нимсолаи аввал ва бо пайки шодмонӣ ҳусни интиҳо бахшидан ба моҳвораи ҷавонон роҳандозӣ шуд.
Дар чорабинӣ ҷоизадорону ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ, варзишгарон ва гирандагони стипендияҳои президентӣ иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои давоми моҳвораи ҷавононро, ки масъулини соҳа давоми як моҳ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ бо шодмонӣ роҳандозӣ намуданд, қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Иброз гардид, ки барои ҷавони ватандӯсту хештаншинос, ки мехоҳад дар рушду ташаккулёбии Тоҷикистон саҳмгузор бошад, бояд ҳаррӯзи зиндагияш чун ид бошад.
Дар идома аз ҷониби ҳунармандони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфони»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври иҷроиши зинда барномаи рангини консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд, ки ба чорабинии фарҳангӣ ҷилову фазои гуворо бахшид.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»






























Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






