Озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе» оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 17.05.3024 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва маконҳои ҷолибу зебои пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе»-ро эълон менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Агар шумо хоҳиши дар ин озмун иштирок кардан доред, пас ба саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сомонаҳои иҷтимоии Фейсбук: Dushanbe-travel; Инстаграм: dushanbe.travel; Телеграмм: Dushanbe.travel обуна шавед ва маълумоти бештар дастрас намоед.
Иштирокчиёни озмун барои ишғоли ҷойи аввал соҳиби — 5 000 сомонӣ, ҷойи дуюм — 3 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм – 2000 сомонӣ мешаванд.
Муҳлати охири қабули аксҳо то 10 июни соли 2024 мебошад.
АКС аз бойгонӣ








Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд






